ТАРТИБИ ТАҚОИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲО
ТАРТИБИ ТАҚОИЗДИҲӢ БА МАҚОЛАҲО
Мақолаҳое, ки ба ҳайати таҳрия пешниҳод карда мешаванд, аз санҷиши пешакӣ гузаронида шуда, мувофиқи тартиботи муқарраргардида қабул карда мешаванд.
Баъд аз боздиди пешакии мақолаҳо, ҳангоми зарурият ҳайати таҳрия ба муаллиф оид ба эродҳо дар муҳтаво ва батартибдарории дастхат, ки то додани матн барои тақриз бояд бартараф карда шаванд, хабар медиҳад.
Ҳайати таҳрия тақриздиҳии ҳамаи маводҳои пешниҳодгардида, мувофиқати мавзўи онҳоро ба мақсади баҳодиҳии тахассусии он амалӣ менамояд. Ҳамаи тақризҳо аз тарафи мутахассисон оид ба мавзўи маводҳои тақризшаванда эътирофгардида ҳисобида шуда, дар давоми соли охир доир ба мавзўи мақолаи тақризшаванда нашрияҳо доранд.
Тақриз сифатҳои мусбии асосноки мавод, аз ҷумла навоварии илмӣ, мубрамияти он, саҳеҳии далелҳои овардашуда, тарзи хуби пешниҳод кардан, истифодаи манбаҳои муосир ва инчунин номгўи камбудиҳои асосноки маводро дар бар мегирад. Дар хулоса баҳодиҳии умумии мавод ва тавсияҳо барои ҳайати таҳрия (мавод нашр карда шавад, мавод баъд аз коркард нашр карда шавад, барои барои коркард ирсол карда шавад, барои тақризи иловагӣ равон карда шавад, рад карда шавад) дода мешаванд.
Мақолаҳое, ки барои коркард ниёз доранд, ба муаллифон бо эродҳои тақризгар ва муҳаррир барои бартараф кардани онҳо, бо мувофиқаи минбаъдаи ҳатмии ислоҳоти воридгардида бо ҳайати таҳрия равон карда мешаванд.
Дар ҳолати тақризи манфӣ гирифтан ҳайати таҳрияи нашриёт ба муаллифони маводро пешниҳодкарда, нусхаи тақриз ё радкунии асосонро ба таври хаттӣ ирсол менамояд.
Ҳайати нашрия инчунин уҳдадор аст, ки нусхаи тақризҳоро ба маводи нашргардида ба Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия ҳангоми ба ҳайати таҳрия ворид гардидани пурсишномаи дахлдор равон намояд.
Муаллифон бояд ҳамаи ислоҳоти заруриро ба нусхаи ниҳоии маводи чопӣ ворид намояд ва ба ҳайати таҳрия матни ислоҳшудаю шакли электронии он, инчунин дастхатро бо эродҳои тақризгар бар гардонанд. Баъд аз коркард мақола такроран барои тақриз ирсол гардида, ҳайати таҳрияя оид ба нашр намудани қарор қабул мекунад.
Тақриздиҳии яктарафаи бемаълумотнокии дастхат ба таври махфӣ сурат мегирад. Фош кардани далелҳои махфии дастхат ҳуқуқҳои муаллифонро поймол мекунад. Тақризгар иҷозати нусхабардории дастхатро барои эҳтиёҷоти худ надорад.
Тақризгарон, инчунин ҳайати таҳрия то нашр гаштани дастхат, ҳуқуқи истифодаи маълумоти дар дастхат ҷойдоштаро, барои манфиатҳои шахсии худ надоранд.
Тақриз дар нашриёт дар давоми 5 сол нигоҳ дошта мешавад.
Мақола танҳо дар сурати мавҷуд будани тақризи мусбӣ ва қарори аъзоёни ҳайати таҳрия оид ба нашр кардани он, чоп карда мешавад. Тартиб ва пайдарҳамии мақолаҳо вобаста аз санаи воридшавии шакли ниҳоии мақола муайян карда мешаванд.
Сармуҳаррири маҷаллаи
«Паёми таҳсилоти баъдидипломии
соҳаи тандурустӣ» д.и.т, профессор Муҳиддин Н.Д.