ДАР БОРАИ МАҶАЛЛА
ДАР БОРАИ МАҶАЛЛА
Аз соли 2011 то соли 2014 номи маҷалла «Маҷаллаи илмӣ-амалии Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони тиб» буд. Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №148 аз 03 марти соли 2014 ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 91 аз 17 марти соли 2014 Донишкадаи таҳсилоти баъдидпломии кормандони тибби Тоҷикистон тағйири ном намуда, ҳамчун Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидпломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ карда шуд (МДТ ДТБКСТ ҶТ). Вобаста ба тағйири ном кардани донишкада номи маҷалла низ тағйир ёфт – «Паёми таҳсилоти баъдидипломии соҳаи тандурустӣ» .
Маҷалла дар КОА-и ФР аз 3 марти соли 2016 бо рамзи ихтисосҳои зерин ба қайд гирифта шудааст:
3.1.4. Акушерӣ ва гинекологӣ
3.1.18. Бемориҳои дарунӣ
3.1.7. Стоматология
3.1.11. Ҷарроҳии кўдакона
3.1.12. Анестезиология ва реаниматология
3.1.9. Ҷарроҳӣ
3.1.24. Бемориҳои асаб
3.1.3. Бемориҳои гўш, гулў ва бинӣ
3.1.23. Дерматовенерология
1.3.21. Бемориҳои кўдакона
3.1.15. Ҷарроҳии дилу рагҳо
3.1.6.Онкология, табобати шуоӣ
Дар КОА-и ҶТ маҷалла аз соли 2018 бо рамзҳои 14.01.00 – ихтисосҳои тиббӣ ва 14.02.03 – сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст.
Аз соли 2013 дар Индекси Руссиягии иқтибосии илмӣ (РИНЦ) ба қайд гирифта шуда, дар E.Library бо намунаи пурраи матнӣ пешниҳод карда мешавад.
Импакт – омил дар давоми 5 соли охир – 0,196
Нуфуз дар Saience index – 2,110
Маҷаллаи «Паёми таҳсилоти баъдидипломии соҳаи тандурустӣ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидпломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун манбаи маълумотӣ ҳам барои кормандони илмӣ ва ҳам барои кормандони амалии соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар маҷалла натиҷаҳои асосии таҳқиқотҳои илмӣ бо намуди мақолаҳои намунавӣ ва асосӣ, аз ҷумла корҳои номзадӣ ва доктории донишкадаи мо ва дигар муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамкасбони мо аз хориҷи кишвар ба нашр мерасанд. Ғайр аз ин дар он ҳолатҳои ҷолиб аз таҷриба, хулосаи адабиётҳо ва мақолаҳои солгардӣ нашр карда мешаванд. Ба техналогияҳои муосири раванди таълими таҳсилоти бефосилаи кормандони тиб таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
Маҷалла дар се моҳ як маротиба нашр гардида, ҳар як нашри он на камтар аз 80 мақоларо дар бар мегирад. Бо дарназардошти он ки маҷалла тақризшаванда мебошад, мақолаҳо мувофиқи талаботҳое, ки дар сомона ва дар охири ҳар як нашр оварда шудаанд, қабул карда мешаванд ва танҳо баъд аз тақризгарии ҷиддӣ, санҷиш барои зиддиплагиат ва таҳрири ҳатмӣ аз ҷониби таҳриргарон ба нашр расонида мешаванд. Тақриздиҳӣ бемаълумотноки яктарафа буда, муҳаррир ба муҳтавои мақола, санҷиши маълумоти коркардҳои оморӣ ва мутобиқати онҳо ба талаботҳои муосир таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Маҷалла сомонаи худро дорад, ки он ба ҳамаи талаботҳои КОА ҶТ ва ФР мувофиқат менамояд ва дар он маълумоти муфассал дар бораи шурои таҳрия ва ҳайати таҳрия мавҷуд буда, шакли PDF-и шумораҳои маҷаллаҳои банашррасида ҷойгир карда мешаванд.
Сармуҳаррири маҷаллаи
«Паёми таҳсилоти баъдидипломии
соҳаи тандурустӣ» д.и.т, профессор Муҳиддин Н.Д.