МАДАНИЯТИ НАШРИЯҲОИ ИЛМӢ

МАДАНИЯТИ НАШРИЯҲОИ ИЛМӢ

 

Соҳаи илм ва илмӣ-нашриётӣ бештар на танҳо аз риоя кардани қонунгузорӣ ва ҳуҷчатҳои меъёрӣ, балки аз риоя кардани принсипҳои мадании муносибати байни ҷомеаи илмӣ ва нашриётӣ вобаста мебошад. Маҳз ҳамин кафолати баланд шудани сифати нашрияҳои илмӣ, инчунин рушди бомуваффақиятонаи ҳамкории мутақобила, нашркунандагон ва хонадагон мебошад.

Маҷалаи мо пурра аз Кодекси мадании нашрияҳои илмӣ, ки принсипҳои маданияти касбии фаъолияти муҳаррир, тақризгар ва муаллифони нашрияҳои илмиро дар бар меширад, сарманша гирифтааст.

Муҳаррир ва шурои таҳрияи маҷалаи илмӣ барои қабул намудани қарор оид ба нашр кардан, ҷавобар мебошанд; оинномаро оид ба шурои таҳрия нисбат ба ҳайати ҳамкорон, ҳуқўқи муаллиф, қонуният ва плагиат ҳамчун дастур қарор додаанд; муҳтавои зеҳнии дастхатҳоро новобаста аз қавм, ҷинс, тамоюли шаҳвонӣ, ақидаҳои динӣ, насл, шаҳрвандӣ, вазъи иҷтимоӣ ё ақидаҳои сиёсии муаллифон баҳо медиҳанд; ҳангоми нашр кардан аз саҳеҳии маълумоти пешниҳодгардида ва аҳамияти илмии кори баррасишаванда асос мегиранд; бе розигии хаттии муаллиф маълумотеро, ки аз дастхати барои баррасӣ пешниҳод гардида ба даст омадааст, барои манфиати шахсии худ истифода намебаранд, ё ба шахси сеюм намедиҳанд.

Тақризгар ҳангоми баҳодиҳии илмии маводҳои муаллиф ба натиҷаҳои пешниҳодгардидаи таҳқиқот ба таври холисона, беғаразона ва далелнок баҳо медиҳад ва ҳамзамон дастхат хусусияти ҳуҷчати махфиро дорад. Дастхате, ки барои тақриз гирифта шудааст, барои шинос шудан ё баррасӣ намудан ба шахсони сеюм, ки барои ин аз тарафи ҳайати таҳрия салоҳияти зарурӣ надоранд, дода намешавад. Маълумотҳои нашрнагардида, ки аз дастхати барои баррасӣ пешниҳодшуда ба даст омадаанд, аз тарафи тақризгар барои манфиати шахсӣ истифода нашуда, ҳамчун маълумоти махфӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Муаллиф ва ё ҳайати муаллифон барои навоварӣ ва саҳеҳияти натиҷҳои таҳқиқоти илмӣ ҷавобгар буда, кафолат медӣханд, ки натиҷаҳои таҳқиқот пурра аслӣ мебошанд ва плагиат истисно шудааст. Муаллифон бояд дастхатеро, ки аллай ба дигар нашрия пешниход шуда мавриди баррасӣ қарор дорад ва инчунин мақолаер, ки аллакай дар маҷалаи дигар нашр шудааст, ба маҷала набояд пешниҳод намоянд. Ҳамчун ҳаммуаллифони мақола шахсоне нишон дода мешаванд, ки дар гузаронидани таҳқиқот саҳми сазовор доштанд. Ҳайати муаллифон бояд мавҷуд набудани ихтилофи назарро байнашон эътироз намоянд.

Нашркунада ҳуқуқро барои махфинокӣ ва пинҳон намудани маълумоти шахсӣ эҳтиром мекунад; хусуичти зеҳнӣ ва ҳуқуқҳои муаллифонро ҳимоя мекунад. Шафофият ва содиқиро нисбат ба ихтилофи назарҳо, маблағгузории таҳқиқотҳо, риоя кардани стандартҳои навиштаи мақолаҳо, паҳн кардани маълумотро оид ба сиёсати маҷала, нашри ислоҳот, шарҳҳоро имконпазир намуда, мақолаҳои аз рўйи виҷдон набударо боз мегардонад ва инчунин нашри муосири маҷаларо таъмин менамояд.

 

 

Сармуҳаррири маҷаллаи

«Паёми таҳсилоти баъдидипломии

соҳаи тандурустӣ» д.и.т, проф.                             Муҳиддин Н.Д.

Back to Top