>

«Тартибот»-и мазкур дар асоси «Тавсияҳо оид ба гузаронидан, пешниҳод намудан, таҳрир кардан ва нашри корҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тиббӣ», ки аз тарафи Кумитаи байналмилалии муҳарирони маҷаллаҳои тиббӣ таҳия гардидааст, тартиб дода шудааст (www.ICMJE.org, соли 2025 таҷдид шудааст).

Маълумоти муҳим

Дастнависиҳое, ки ба талаботҳои мазкур мувофиқат намекунанд, аз тарафи нашрия қабул карда намешаванд. Лутфан, пеш аз пешниҳод кардани мақола, бо ҳамаи талабҳо бо диққат ошно шавед.

1

Тайёр кардани дастнавис

1.1 Талаботи умумӣ ба тайёр кардан

Формати кардани матн

Дастнависи мақола бояд бо забонҳои русӣ ва ё англисӣ пешниҳод гардад ва бо матни муҳарири MS Word ҳуруфи Times New Roman, андозаи 14, фосилаи 1,5 чоп карда шуда бошад:

  • Ҳуруф: Times New Roman, андозаи 14
  • Фосила: 1,5
  • Андозаи доираҳо: аз боло – 2,0 см; аз поён – 2,0 см; аз чап – 2,0 см; аз рост – 2,0 см
  • Саҳифагузорӣ: Ҳамаи саҳифаҳо, аз варақаи болоӣ оғоз намуда, бояд пайдарҳам саҳифагузорӣ карда шуда бошанд

1.2 Ҳаҷми мақолаҳо

Талаботҳо ба ҳаҷм
  • Мақолаи ҳаҷмаш пурраи аслӣ: 8–12 саҳифа, бо дарбаргирии ҳамаи қисматҳо, бе адабиёт
  • Мақолаи хулосавӣ: 12–15 саҳифа
  • Мушоҳидаҳои клиникӣ: на камтар аз 8 саҳифа

1.3 Таркиби дастнавис

Унсурҳои сохторӣ

Дастнависи мақола бояд аз ҷузъҳои зерин иборат бошад:

  1. Варақаи болоӣ бо маълумоти пурра дар бораи муаллифон ва мақола
  2. Хулоса бо забонҳои руссӣ, англисӣ ва тоҷикӣ бо калидкалимаҳо
  3. Қисмати асосӣ бояд бахшҳои зеринро дар бар гирад:
    • Муқаддима (мубрамият)
    • Мақсади таҳқиқот
    • Мавод ва усулҳо
    • Натиҷаҳо
    • Баррасӣ
    • Хулоса
  4. Рӯйхати адабиёт, бо услуби Vancouver тартиб дода шуда бошад
  5. Ҷадвал ва расмҳо (ҳангоми зарурият)
2

Варақаи болоӣ

Ҷузъҳои ҳатмии варақаи болоӣ
  • Номи пурраи мақола бо забони пешниҳодгардида, англисӣ ва тоҷикӣ
  • ТУД (таснифоти универсалии даҳӣ)
  • Ҳарфҳои аввали ному номи падар ва насаби ҳамаи муаллифон
  • Номи расмии муассисаҳо ва макони ҷойгиршавии онҳо (шаҳр, мамлакат)
  • Номи кутоҳкардашуда барои унвони саҳифа (на зиёдтар аз 50 аломат)
  • Калидкалимаҳо
  • Ҳисоби калимаҳои матни асосӣ ва аннотатсия алоҳида

2.1 Маълумот дар бораи муаллифон

Маълумот дар бораи муаллифон

Барои ҳар як муаллиф қайд карда мешавад:

  • Насаб, ном ва номи падар ба таври пурра
  • Дараҷа ва унвони илмӣ
  • Вазифа ва ҷойи кор (номи муассиса ва зерсохтор)
  • Идентификаторҳои ҳатмӣ: ORCID ID (ҳатман), Researcher ID (WoS), Scopus ID
  • Индекси хатбарӣ ва суроғаи пурра
  • Телефон барои тамос
  • Суроғаи электронӣ

2.2 Маблағгузорӣ ва номувофиқатии манфиатҳо

Эъломияҳо
  • Манбаи маблағгузор: грантҳо, таҷҳизот, маводҳои доруворӣ
  • Барасмиятдарории номувофиқатии манфиатҳо (молиявӣ ва ғайримолиявӣ)
  • Истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ (ҳангоми истифода шудан)

2.3 Муаллиф барои иртибот

Муаллифи иртибокуннада
  • Насаб, ном ва номи падар ба таври пурра
  • Дараҷа ва унвони илмӣ
  • Вазифа ва ҷойи кор (номи муассиса ва зерсохтор)
  • Индекси хатбарӣ ва суроғаи пурра
  • Телефон барои тамос
  • Суроғаи электронӣ
3

Аннотатсия ва калидкалимаҳо

3.1 Таркиби аннотатсия (барои мақолаҳои аслӣ)

Талаботҳо ба аннотатсия
  • Ҳаҷм: 250-300 калима бо ҳар як забон
  • Қисматҳои ҳатмӣ:
    1. Мубрамият/мақсад
    2. Мавод ва усулҳо
    3. Натиҷаҳо (бо маълумотҳои мушахас)
    4. Хулоса

3.2 Аннотатсияи ғайритаркибӣ

Барои шарҳҳо, мушоҳидаҳои клиникӣ
  • Ҳаҷм: на камтар аз 150 калима
  • Мундариҷа: бо таври мухтасар пешниҳод кардани муҳтаво бе тақсим кардан ба қисматҳо

3.3 Калидкалимаҳо

Талаботҳо ба калидкалимаҳо
  • Шумора: 5-7 калима
  • Интихоб: мувофиқи Medical Subject Headings (MeSH)
  • Қайд кардан: бо ҳамаи забонҳои нашршавӣ қайд мегарданд
4

Қисмати асосии мақола

4.1 Муқаддима

Сохтори муқаддима
  • Хулосаи мухтасари адабиёт (нашри 5-10 соли охир)
  • Мубрамияти масъала
  • Навоварии илмӣ ва аҳамияти амалӣ
  • Масъалаҳои баҳсталаб ва ҳалнашуда
  • Тартибдиҳии амиқи мақсади таҳқиқот
  • Худорӣ намудан: маълумот ва хулоса аз тадқиқоти шахсӣ

4.2 Мавод ва усулҳо

Тафсили қисмат

Тарҳи тадқиқот:

  • Намуди тадқиқот (проспективӣ, ретроспективӣ, рандомизӣ ва ғайра)
  • Макон ва вақти гузаронидан

Иштирокчиёни тадқиқот:

  • Маҳакҳои ворид кардан ва баровардан
  • Хусусияти интихоб намудан (сину сол, ҷинс, мансубияти қавмӣ)
  • Рандомизатсия (ҳангоми истифода шудан)
  • Ваколатнокии интихоб

Усулҳои тадқиқот:

  • Шарҳи пурраи усулҳо барои имконияти таҷдид
  • Таҷҳизот бо қайд кардани истеҳсолкунанда
  • Маводҳои доруворӣ (номи бидунипатентии байналмилалӣ)
  • Истифодаи ЗС-технологияҳо (шарҳи пурра ҳангоми истифодашавӣ)

Ҷанбаҳои фарҳангӣ:

  • Рақами мувофиқанамудаи кумитаи фарҳангӣ
  • Мувофиқат бо Эъломияи Хелсингӣ соли 2024
  • Розигии маълумотноки иштирокчиён
  • Махфинокии маълумотҳо

Таҳлили оморӣ:

  • Таъминоти барномавӣ бо ишора кардани намуд
  • Усулҳои оморӣ
  • Сатҳи аҳамиятнокӣ (одатан р<0,05)
  • Фосилаҳои эътимоднокӣ

4.3-4.5 Натиҷаҳо, Баррасӣ, Хулоса

Қисматҳои боқимонда

Натиҷаҳо:

  • Пайдарҳамии мантиқии ақидаҳо
  • Дар аввал будани натиҷаҳои асосӣ
  • Шумораҳои воқеӣ ва фисадҳо
  • Такрор накардани маълумот аз ҷадвал ва матн

Баррасӣ:

  • Хулосаи мухтасари навовариҳои асосӣ
  • Муқоиса бо маълумоти адабиётҳо
  • Аҳамияти оморӣ ва клиникӣ
  • Маҳдудиятҳои тадқиқот
  • Такрор накрадани маълумотҳо аз қисматҳои «Муқаддима» ва «Натиҷаҳо»

Хулоса (натиҷаҳо):

  • Ҷавоб ба вазифаҳои гузошташуда
  • Шарҳи мухтасар ва аниқи тавсияҳо барои беҳтар шудан
  • Роҳ надодан ба ақидаҳои тасдиқнашуда
5

Талаботҳо барои муаллиф будан

Маҳакҳои муаллиф будан (ICMJE 2025)

Муаллиф шахсе буда метавонад, ки ба ҲАМАИ ЧОР маҳак мувофиқат менамояд:

  1. Саҳми воқеӣ дар консепсия ё тарҳсозии кор; ё гирдоварии маълумот, таҳлил, тафсири маълумотҳо
  2. Иштирок дар наивштаи мақола ё боздиди буҳронии муҳтавои зеҳнӣ
  3. Розигии ниҳоии намуд барои нашр
  4. Розӣ будан барои ба душ гирифтани масъулият барои ҳамаи ҷанбаҳои кор

5.1 Маҳдудиятҳо

Маҳдудиятҳо дар бораи муаллифӣ
  • Шумораи масималии муаллифон: 8 нафар барои мақолаи аслӣ, 6 нафар барои дигар намудҳо
  • Дар як нашр: на зиёдтар аз 2 кори як муаллиф
  • Донишҷуён ҳангоми мувофиқат намудан ба маҳакҳо метавонанд муаллиф бошанд

5.2 Муаллифи иртибокуннада

Уҳдадорӣҳо
  • Барои робита бо маҷалла уҳдадории асосӣ дорад
  • Риоя кардани ҳамаи талаботҳоро таъмин менамояд
  • Бояд дар тамоми раванди нашршавӣ дастрас бошад
6

Талаботҳои фарҳангӣ

6.1 Тадқиқотҳои клиникӣ

Талаботҳо ба тадқиқотҳо
  • Бақайдгирии ҳатмӣ то воридкунии иштирокчии якум
  • Номгӯйҳои имконпазир: ClinicalTrials.gov, WHO ICTRP, номгӯйиҳои миллӣ
  • Протоколи тадқиқот бояд дастрас бошад

6.2 Махфӣ мондани ниёзмандон

Ҳифзи маълумоти ниёзмандон
  • Дилхоҳ маълумоти мушаххаскуннадаи шахсият истисно мешавад
  • Ниқобпушонии шахсон дар аксҳо кофӣ нест
  • Розигии хаттӣ ҳангоми ғайриимкон будани махфинокии пурра
  • Рӯйпушкунии маълумотҳо дар аксҳои рентгенӣ ва дигар тасвирҳо

6.3 Тадқиқотҳо дар ҳайвонот

Стандартҳои фарҳангӣ
  • Мувофиқат ба станадартҳои байналмилалии таркиб ва истифода
  • Розигии кумитаҳои мувофиқ
  • Кам намудани азияти ҳайвонот

6.4 Истифодаи зеҳни сунъӣ

Талаботҳо ба ЗС
  • Барасмиятдарории ҳатмии ҳамаи ҳолатҳои истифодабарӣ
  • Шарҳи пурра дар қисмати мувофиқ
  • ЗС муаллиф ва ҳаммуаллиф буда наметавонад
  • Санҷидани аниқии ҳамаи натиҷаҳое, ки бо ёрии ЗС ба даст омадаанд
7

Рӯйхати адабиёт

7.1 Тарзи барасмиятдарорӣ

Формати кардани ишораҳо
  • Тарзи ванкуверӣ (Vancouver style) мувофиқи ICMJE
  • Рақамгузорӣ бо тартиби қайдгардӣ дар матн
  • Ишораҳо бо қафсҳои чоркунҷа [1, 2] ё [1–4] ё [3, 5–8]

7.2 Шумораи манбаҳо

Маҳдудиятҳо ба шумора
  • Мақолаҳои аслӣ: 10-20 манба
  • Хулосаи адабиётҳо: на зиёдтар аз 30 манба
  • Мушоҳидаҳои клиникӣ: на зиёдтар аз 15 манба
Манбаҳои роҳдоданашаванда
  • Авторефератҳои рисолаҳо
  • Фишурдаҳои конференсияҳо
  • Корҳои таълимӣ-методӣ
  • Ишораҳо аз маҷаллаҳои дуздӣ
  • ЗС ҳамчун манбаи маълумот

7.3 Preprints

Истифодаи препринтҳо
  • Иҷозат бо хотироти мувофиқ
  • Таҷдиди ишораҳо ҳангоми пайдо шудани маълумоти тақризшуда
8

Ҷадвалҳо ва аёнӣҳо

8.1 Ҷадвалҳо

Талаботҳо ба ҷадвалҳо
  • Ҷойгирнамоӣ дар матн баъд аз қайднамоии якум
  • Рақамгузорӣ бо рақамҳои арабӣ
  • Сархатҳо бояд маълумоташон кофӣ бошад
  • Ҳуруф: Microsoft Office Word
  • Маълумотҳои оморӣ бо қайди усулҳо

8.2 Расм ва аксҳо

Талаботҳо ба тасвирҳо
  • Шумора: на камтар аз 300 dpi
  • Андоза: на камтар 80×80 мм (тақрибан 1000×1000 пикселҳо)
  • Ҳуруфи: TIFF ё JPEG (файлҳои алоҳида)
  • Навиштаҳо бояд маълумотнок ва кофӣ бошанд

8.3 Диаграммаҳо

Диаграммаҳо
  • Ҳам бо намуди расм ва ҳам бо намуди Excel пешниҳод мешаванд
  • Возеҳият ва рангашон равшан
  • Ба матн мувофиқат намоянд

8.4 Аксҳои хурд

Аксҳои хурд
  • Ишораи усули рангкунӣ ва калоннамоӣ
  • Хатҳои доирагӣ ҳангоми зарурият
9

Ҷараёни пешниҳод кардани дастхат

Тарзи пешниҳоднамоӣ

Пешниҳод ба тариқи электронӣ: payom.dtb@gmail.com

Ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ:

  • Дастнавис бо ҳуруфи MS Word
  • Мактуби ҳамроҳикуннада бо қисматҳои ҳатмӣ:
    • Номи мақола ва муаллифон
    • Эъломияи номувофиқатии манфиатҳо
    • Маълумот дар бораи маблағгузорӣ
    • Эъломияи розигии ҳамаи муаллифон ба нашр
10

Раванди тақриздиҳӣ

10.1 Намуди тақриздиҳӣ

Ҷараёни тақриздиҳӣ
  • Тақриздиҳии думаротибагии кӯркурона
  • Ҳади ақал 2 тақризгар барои ҳар як мақола
  • Экспертҳои байналмилалӣ ҳангоми зарурият

10.2 Маҳакҳои баҳодиҳӣ

Маҳакҳои арзёбӣ
  • Навоварии илмӣ ва мубрамият
  • Сифати методологӣ
  • Мувофиқи меъёрҳои фарҳангӣ
  • Сифати пешниҳоднамоӣ
  • Мувофиқат ба мавзӯи мақола

10.3 Роҳҳои ҳали имконпазир

Қарорҳои редколлегия
  • Бе тағйирот қабул кардан
  • Баъд аз ислоҳ қабул кардан
  • Рад кардани эҳтимоли такроран пешниҳод кардан
  • Рад кардан
11

Хусусияти намудҳои гуногуни мақолаҳо

Талаботҳо ба намудҳои мақолаҳо
  • Тадқиқотҳои аслӣ: Риоя кардани тавсияҳо CONSORT (РКИ), STROBE (мушоҳидавӣ)
  • Хулосагирии системавӣ ва мета-таҳлил: Риоя кардани тавсияҳо PRISMA
  • Мушоҳидаҳои клиникӣ: Риоя кардани тавсияҳои CARE
  • Тадқиқотҳои ташхисӣ: Риоя кардани тавсияҳои STARD
12

Маълумоти тамосӣ

Суроғаи нашриёт

754026, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони И.Сомонӣ, 59, МДТ «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Тамос:

Муҳарририя:

  • Сармуҳаррир: Муҳаббатзода Ҷиёнхон Қурбон, д.и.т., профессор, ректор
  • Муҳаррири масъул: Тиллоева Зулфия Хайбуллоевна, н.и.т.
Хулосаи оиннома
  • Пардохт барои нашр: ҷой надорад
  • Ҳуқуқ: Муаллифон ҳуқуқи тадқиқотро нигоҳ медоранд. Мақолаҳо баъд аз нашр шудан дастрас мебошанд
  • Масъулият: барои дурустӣ ба души ҳамаи муаллифон аст
  • Навиштан байни ҳамдигар: танҳо бо тариқи хатнависи электоронӣ амалӣ мегардад
  • Намуди электронӣ: дар сомонаи маҷала дастрас аст
  • Талаботҳо: Дастнависҳое, ки ба талаботҳои мазкур мувофиқат намекунанд, аз тарафи нашрия қабул карда намешаванд

Тартиботи мазкур аз тавсияҳои ICMJE соли 2025 асос ёфта, бо дарназардошти стандартҳои байналмилалӣ метавонанд тағйир ёбанд.

Таҷдиди охирон: июни соли 2025

Боргирии тартиботи пурра барои муаллифон

Шумо метавонед версияи пурраи тартиботро дар формати PDF барои истифодаи осон боргирӣ намоед

Боргирии тартибот (PDF, 250 КБ)

Ҳамчунин намунаи мақола дар формати MS Word дастрас аст Боргирии намуна