Аннотация
Омӯхтани натиҷаҳои табобат ҳангоми амалинамоии усулҳои дар клиника коркардшудаи мондани илеостомаи яктанӣ дар беморон бо ногузароиши илтисоқии рудагӣ.
Натиҷаи табобати 56 нафар беморон бо ногузароиши илтисоқии рудагӣ (НИР), ки барои онҳо илеостомаҳои мувақкатии яктанӣ мувофиқи усулҳои дар клиника коркардшуда, ба амал оварда шуд.
Носурҳо бо ду усул амалӣ карда шуданд, ки онҳо барои осон намудани марҳилаи барқарорсозӣ ва маҳкам кардани носур бо роҳи мавзеӣ, бе истифодаи лапаротомияи миёнагӣ, имконият доданд.
Аз 56 бемори ҷарроҳишуда, илеостомаҳои яктанӣ мувофиқи усулҳои коркардшуда дар 42 (75,0%)-и ҳолатҳо баъд аз буриши дарҳамхӯрдаҳои кашишхӯрдаи илтисоқӣ, ки дар минтақаи кунҷи тиҳигоҳӣ-куррудагӣ ба амал омада буданд ва дар 14 (25,0%)-и ҳолатҳо – баъд аз буриши ҳалқаҳои ҳаётан нофаъоли руда ҳангоми ногузароиши странгулятсионии илтисоқӣ ва илтиҳоби сифоқпарда ба амал оварда шуд. Дар 4 (7,1%)-и беморон дар давраи баъд аз ҷарроҳӣ оризаҳои илтиҳобӣ, бо намуди фасодгирии захмҳои лапаротомӣ ба амал омаданд. Оризаҳои дохилиносурӣ ва ҳолатҳои анҷомёбии нохуш ба қайд гирифта нашуданд. Марҳилаи тармимӣ – барқарорсозӣ бо усли мавзеӣ дар ҳамаи беморон, дар муҳлати аз 1,5 то 2,5 моҳ амалӣ карда шуд.
Оризаҳо бо намуди захми хурди лапаротомӣ дар 1 (1,8%)-и ҳолатҳо ташхис карда шуд. Боз дар 1 (1,8%) ниёзманд дар давраи барвақтии баъд аз ҷарроҳӣ, ҳолати захми ногузароиши илтисоқии рудаи борик мушоҳида карда шуд, ки бо тарзи бидуни ҷарроҳи бартараф гардид. Муҳлатҳои миёнаи баъд аз ҷарроҳии тармимӣ дар беморхона қарор доштан 5,5±2,3 рӯзро ташкил намуданд.
Усулҳои дар клиника коркардшудаи ташаккули илеостомаҳои яктанӣ бо соддагии техникӣ фарқ дошта, барои амалисозии марҳилаи тармимӣ бо роҳи мавзеӣ ва амалисозии анастомоз танҳо дар нимаи даври руда имконият медиҳанд. Чунин муносибат давомнокии табобатро кутоҳ намуда, хавфи оризаҳои баъдазҷарроҳиро кам менамояд ва зуд барқарор шуданро баъд аз ҷарроҳи имконпазир менамояд.
Калимаҳои калидӣ
Матни пурра
Боргирӣ кардани мақола дар PDF
Версияи пурраи мақола дар формати PDF
Феҳристи манбаъ
- Mayow AH, Singh J, Edah E, Tiesenga F. Management of complex small bowel obstructions of various etiologies: a case series and literature review. Cureus. 2024; 16(9): e69487
- Ghimire P, Maharjan S. Adhesive small bowel obstruction: a review. JNMA J Nepal Med Assoc. 2023; 61(260): 390–396
- Тотиков ВЗ, Калицова МВ, Тотиков ЗВ, Медоев ВВ. Собственный 25-летний опыт лечения острой обтурационной спаечной тонкокишечной непроходимости. Хирургия. Восточная Европа. 2025; 14(3): 391–400
- Long B, Robertson J, Koyfman A. Emergency medicine evaluation and management of small bowel obstruction: evidence-based recommendations. J Emerg Med. 2019; 56(2): 166–176
- Behman R, Nathens AB, Mason S, Byrne JP, Hong NL, Pechlivanoglou P, Karanicolas P. Association of surgical intervention for adhesive small-bowel obstruction with the risk of recurrence. JAMA Surg. 2019; 154(5): 413–420
- Podda M, Khan M, Di Saverio S. Adhesive small bowel obstruction and the six W’s: who, how, why, when, what, and where to diagnose and operate? Scand J Surg. 2021; 110(2): 159–169