Аннотация
Муайян намудани шиддатнокии нуқсонҳои окклюзионӣ ва таҳлили намудҳои конструксияҳои протезҳои ортопедӣ дар байни беморони қисман ва пурра надоштани дандонҳо.
Воқеъоти муоинаи клиникию рентгенологӣ 110 нафар беморони дандонҳои қисман (96 нафар, 87,3%) ва пурра (14 нафар, 12,7%) надоштаи синнашон аз 20 то 60-солаи 49 нафар мардон ва 61 нафар занҳо ба ҳисоб рафтанд. Ба ғайр аз он гурўҳи дигари беморон низ ташкил карда шуд, ки аз 120 нафар шахсони синну соли мутаносиби протезҳои ортопедии конструксияхо гуногундошта, ки аз онҳо 58 нафар мардон ва 62 нафар занҳо ба ҳисоб рафтанд. Таҳлили клиникию рентгенологӣ дар марҳалаи аз декабри соли 2025 то моҳи марти соли 2026 дар пойгоҳи кафедраи стоматологияи муолиҷавии МДТ ДТБКСТ ҶТ (ҶДММ «Smile») гузаронида шуд. Алгоритми ташхиси патологияҳои стоматологӣ иборат буд аз муоинаи ҳолати элементҳои ташкилкунандаи шиддатнокии кариеси дандон, муоинаи қатори дандонҳо, инчунин истифодаи усулҳои иловагии муоинаи стоматологӣ ба монанди муоинаи рентгенологӣ. Байни муоинашудагон омўзиши ҳолати стоматологӣ бо истифода аз усули профессор А.В. Алимский бо дарназардошти ҳолати узвҳои ковокии даҳон гузаронида шуд. Ин замон нишондодҳои нуқсонҳои қисман ва пурраи қатори дандонҳо омўхта шуд. Байни муоинашудагон синфҳои нуқсони қатори дандонҳо низ (аз рўйи таснифоти Е.И. Гаврилов) муайян карда шуд.
Дар 20%-и ҳодиса синфи якуми нуқсонҳо, ки аз нуқсонҳои як ё/дутарафаи каноравӣ иборат буд, мушоҳида карда шуд. Дар 39,1%-и ҳодиса синфи дуюми нуқсонҳо, ки аз нуқсонҳои мобайнӣ иборат буд, мушоҳида карда шуд. Дар 30,9%-и ҳодиса дар байни муоинашудагон мавҷудияти яквақтаи нуқсонҳои мобайнӣ ва каноравӣ муайян карда шуд. Инчунин дар 10%-и ҳодиса тамоман набудани дандонҳо дар ҷоғҳо ба назар гирифта шуд.
Дар байни муоинашудагон нуқсонҳои якҷояи қатори дандонҳо дар 40,7%-и ҳодиса ба назар расида, дар 33,3%-и ҳодиса мавҷудияти нуқсонҳои мобайнии окклюзионӣ мушоҳида шуда, дар 22,3%-и ҳодиса мавҷудияти нуқсонҳои каноравӣ ба назар расида, дар 3,7% бошад нуқсонҳои пурраи окклюзионӣ мушоҳида гардид.
Калимаҳои калидӣ
Матни пурра
Боргирӣ кардани мақола дар PDF
Версияи пурраи мақола дар формати PDF
Феҳристи манбаъ
- Абдулаев Б.А., Сабуров С.К. Результаты изучения распространённости дефектов зубных рядов при планировании ортопедической стоматологической помощи. Вестник Авиценны. 2018;20(1):73-76.
- Каримов С.М., Гаибов А.Г. Организационные аспекты изучения протяженности окклюзионных дефектов у населения Республики Таджикистан. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2020;4:9-15.
- Ашуров Г.Г., Исмоилов А.А. Результаты определения нуждаемости пациентов в имплантологической стоматологической помощи в зависимости от протяженности окклюзионных дефектов в разных территориально-административных зонах Таджикистана. Медицинский алфавит. Стоматология. Москва, 2021;4(38):71-76.
- Ash M.M., Ramfiord S.P. An introduction to functional occlusion. Philadelphia: Saunders CO. 2023:240.
- Шарипов Х.С., Зарипов А.Р., Сабуров С.К. Комплексная оценка предпротезного состояния органов и тканей полости рта в ключевой возрастной группе взрослого населения. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2020;1:80-85.
- Buhlin K. Oral health and occlusion defects in Sweden. J Clin Periodontol. 2022;29:254-259.
- Gomes M.S., Gomes M.S., Chagas P. [et al.]. Association between self-reported oral health, tooth loss. Braz Oral Res. 2022;5:436-442.
- Ашуров Г.Г., Муллоджанов Г.Э., Исмоилов А.А. Оценка результатов неудовлетворенности пациентов при оказании стоматологической ортопедической помощи с использованием дентальных имплантатов. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2022;2:12-17.
- Абдулаев Б.А., Исмоилов А.А., Зарипов А.Р. К вопросу об эндодонтическом состоянии опорных зубов в зависимости от групповой принадлежности и протяженности супраконструкционных элементов. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2022;3:5-12.
- Исмоилов А.А., Муллоджанов Г.Э., Султанов М.Ш. Оценка состояния окружающих имплантаты и ортопедическую конструкцию мягких тканей в зависимости от протяженности несъемного имплантационного протеза с использованием гигиенических индексов. Вестник последипломного образования в сфере здравоохранения. 2022;3:54-58.
- Grossi S.G. Assessment of risk for occlusion defects. II. Risk indicators for alveolar bone loss. J Periodontol. 2024;66:23-29.
- Kloernshild K.L., Cambell S.D. Biochemical response after insertion of artificial crowns and fixed partial dentures. J. Prosthet. Dent. 2020;84(5):493-498.
- Botelho M. Design principles for cantilevered resin-bonded unfixed dentures. Quintessence Int. 2022;31:613-619.
- Cheung G.S. A clinical evaluation of conventional bridgework. J. Oral Rehabil. 2024;17(2):131-136.
- Сrispin B.J. A longitudinal study of bonded dentures: the first 5 years. J. Prosthet Dent. 2021;66:336-342.